Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ба ин муносибат дар ноҳияҳои шаҳр маҷлисҳои тантанавӣ ва дар Боғи Парчами давлатӣ ҷамъомади фарҳангӣ баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон аз соли 2009 инҷониб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври расмӣ таҷлил карда мешавад.
Парчами давлатии Тоҷикистон аз се ранг — сабз, сафед ва сурх иборат буда, ранги сабз — сарсабзӣ, сафед- роҳи сафед, хушбахтӣ, иқболи наку ва ранги сурх- озодӣ ва мустақилиятро ифода менамояд. Парчам дар радифи дигар муқаддасоти миллӣ- Конститутсия, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатдорӣ мебошад, ки далели ҳастии миллат ва давлати воҳид мебошад.
Соли 2011 бо ташаббусу роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баландтарин парчам дар ҷаҳон, ки баландии сутунаш 165 метр мебошад, барафрохта шуда, ба Китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардид.
АКС аз манбаъҳои боз