Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» хабар доданд, ҳамоиш ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва дарки аҳамияти Конститутсия дар ҳаёти ҷомеа бахшида шуд.

Таъкид гардид, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санади ҳуқуқии фарогири манфиатҳои тамоми сокинони мамлакат дар таърихи давлатдории миллати куҳанбунёдамон аҳамияти махсус дорад. Он, пеш аз ҳама, ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон асоси ҳуқуқӣ гузошта, сиёсати давлатдории миллиамонро ба низом дароварда, ҷумҳуриро ба шоҳроҳи сифатан нави давлатдорӣ ворид намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси бошукуҳ бахшида ба 20-солагии Конститутсияи Тоҷикистон, ки соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бори дигар аз аҳаммияти бузурги Қонуни асосӣ барои давлату миллат ёдоварӣ намуданд. Ба таъкиди Сарвари давлат, «Конститутсия санади тақдирсозест, ки танҳо ва танҳо бо шарофати ақлу заковат, шуҷоату мардонагии халқ ба даст омада, маданияти баланди ҳуқуқии халқро ифода менамояд ва он тавонист асосҳои истиқлолияти давлатиро мустаҳкам намояд».

Дар идомаи ҳамоиш иштирокдорон иброз намуданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон аст. Он заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангии миллиро ифода менамояд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»

Источник: АМИТ "Ховар"