Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 27.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 11 сентябри соли 2026 кишоварзон 445 ҳазору 460 тонна пиёз ҷамъоварӣ намуданд. Тибқи нақша, соли 2026 дар 15 ҳазору
ДУШАНБЕ, 27.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 11 сентябри соли 2026 кишоварзон 445 ҳазору 460 тонна пиёз ҷамъоварӣ намуданд. Тибқи нақша, соли 2026 дар 15 ҳазору 635 гектар пиёз кишт карда мешавад, ки 9731 гектари онро пиёзи барвақтӣ ташкил медиҳад.
Дар шароити Тоҷикистон пиёзро дар се давра: аввали баҳор, тирамоҳ ва зимистон кишт мекунанд. Пиёзи дар фасли тобистон ҷамъоваришуда барои нигоҳдорӣ он қадар устувор нест. Пиёзе, ки дар моҳи сентябр ва аввали октябр ҷамъоварӣ карда мешавад, барои захира созгор аст. Зеро қабати пӯсти болоияш ғафс буда, нисбат ба пиёзи барвақтӣ сахттар мебошад.
Кишоварзони ботаҷриба тавсия медиҳанд, ки пиёзе, ки дар моҳи сентябр ва аввали октябр ҷамъоварӣ карда мешавад, қабати пӯсти болоияш ғафс буда, нисбат ба пиёзи барвақтӣ сахттар мебошад. Барои фасли зимистон пиёз дар сардхонаҳо ва таҳхонаҳо захира карда мешавад.
Бояд гуфт, ки хушконидан ва нигоҳдории бехпиёз кори заҳматталаб мебошад. Бехпиёзи пурра пухтарасида барои нигоҳдорӣ тавсия дода мешавад. Дуру дароз захира намудани пиёз дар анборхонаҳо ва сардхонаҳо аз риояи қоидаҳои агротехникии парвариши он, ҷамъоварии саривақтӣ ва чораҳои омодагӣ вобастагӣ дорад.
Ба тавсияи олимон, хушк шудани гарданаи пиёз ва пажмурда шудани баргҳо нишонаи пухтани бехпиёз мебошад. Агар он сари вақт ҷамъоварӣ нашавад, он гоҳ баъди 6-8 рӯз сабзиши он барқарор мегардад ва пиёзи дар ин ҳол ҷамъоваришуда имкони захираи дуру дарозро надорад. Ҷамъоварии бехпиёзро дар рӯзи хушки офтобӣ гузаронидан беҳтар аст. Пиёзро бояд бо тартиб аз замин канда, ҷамъоварӣ намуд, зеро агар пиёзро дар замин такон диҳед, он зарбхӯрда мешавад. Дар ин ҳолат пиёз тез вайрон мешавад. Бехпиёзи ҷамъоваришударо 6-8 рӯз дар Офтоб мехушконанд. Баъди хушконидан баргҳояшонро бурида, барои навъҳои пиёзи гирдшакл 3-4 сантиметр ва барои навъи дарозак 6-8 сантиметр думча мемонанд.
Дар шароити деҳот пиёзи хушконидаро дар халтаҳои гуногун нигоҳ медоранд. Пиёзро ҳамчунин метавон дар қуттиҳои аз чӯб тайёркардашуда, сабадҳои химчагӣ, халтаҳои ресмонии ҳавогузар ва тӯрхалтаҳои махсуси нигоҳдории маҳсулот нигоҳ дошт.
Бехпиёзро дар анборҳо рехта, нигоҳдорӣ кардан мумкин аст, лекин ин усул камбудиҳои худро дорад- зудвайроншавӣ ва пӯсиши маҳсулот метавонад ба амал ояд. Дар шароити хона бехпиёзро ба шакли ҳалқа бофта, баста, овезон карда нигоҳ медоранд. Маҳсулот хуб шамолрас гашта, аз вайроншавӣ эмин мемонад.
Бояд гуфт, ки ҳарорати сардхона бояд 12 дараҷа гармиро ташкил диҳад, зеро бо омадани фасли сармо ҳарорати сардхона паст шуда, ба 3 ё 4 дараҷа гармӣ мерасад. Агар ҳарорат аз ин паст шавад, ин маҳсулотро сармо мезанад.
АКС аз бойгонӣ