Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ ба шахсият ва мероси адабию ирфонии мутафаккири бузурги Машриқзамин Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, омӯзиши амиқи афкори фалсафию ахлоқии ӯ ва баррасии ҷойгоҳи таълимоти ин нобиғаи ҳама асру замонҳо дар ҷомеаи муосир таҳти унвони «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин китобхона хабар доданд.

Иброз гардид, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ танҳо шоири як давру замон ё намояндаи як ҳавзаи фарҳангӣ набуда, балки мутафаккири бузурги умумибашарист, ки афкору андешаҳои ӯ аз марзу ҳудуди ҷуғрофӣ, забонӣ ва замонӣ фаротар рафтаанд.

Гуфта шуд, ки шинохти воқеии ин мутафаккир дар дарки моҳияти таълимоти инсонпарваронааш ва татбиқи арзишҳои созандаи он дар зиндагии фардию ҷамъиятӣ ифода меёбад. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар муҳити илму дониш ва фарҳанги ғании тоҷику форс ба камол расида, бо офаридани асарҳои мондагоре чун «Маснавии маънавӣ», «Девони Шамс», «Фиҳӣ мо фиҳӣ» ва «Мактубот» дар рушди адабиёт, фалсафа ва ирфони ҷаҳонӣ саҳми бузург гузоштааст.

Инчунин иштирокчиён зимни ҳамоиш ба масъалаи тарғиби осори Мавлоно дар байни ҷавонон низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аҳамияти омӯзиши мероси адабии ӯро дар ташаккули ҷаҳонбинии васеъ, рушди тафаккури мустақил, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи маънавии насли наврас муҳим арзёбӣ карданд.

Таъкид шуд, ки тарҷумаи осори Мавлоно ба забонҳои гуногун, нашри китобҳои электронӣ, таҳияи барномаҳои маърифатӣ ва истифодаи шабакаҳои иттилоотӣ метавонанд дар шинохти бештари шахсият ва таълимоти ӯ мусоидат намоянд.

Мавлоно бо осори ҷовидонаи худ собит намудааст, ки арзиши инсон на дар зоҳир, мақому мансаб ё дороии ӯ, балки дар ахлоқи нек, қалби пок, маърифат ва муносибати инсонпарваронааш ба дигарон таҷассум меёбад.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"