МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 01.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар бозорҳои мамлакат меваи хурмо фаровон гаштааст. Ҳоло, ки мавсими хурмо аст, аз истеъмоли он барои саломатӣ истифода бояд бурд. Истеъмоли ин мева ба организми инсон чӣ фоида дорад? АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.
Мавсими ҷамъоварии ин меваи тару тоза ва ширин одатан аз моҳи октябр оғоз шуда, то охири моҳи ноябр ва аввали декабр (вобаста ба навъ ва иқлими минтақа) давом мекунад. Агар меваи пухтаи хурморо дар ҷой муътадил нигоҳ дорем, то 6 моҳ хусусияти худро гум намекунад.
Сабаби маҳз дар тирамоҳ пухтани он дар он аст, ки хурмо барои комилан ширин ва нарм шудан ба ҳавои салқин ва ҳатто аввалин хунукиҳои тирамоҳӣ ниёз дорад. Хурмо яке аз меваҳои беҳтарини тирамоҳӣ ва серғизо ба шумор меравад. Ин меваи тару тоза на танҳо таъми лазиз дорад, балки барои саломатии инсон манфиатовар мебошад.
Дар Тоҷикистон беш аз 20 навъи ин мева парвариш карда мешавад. Дар шароити иқлими Тоҷикистон (хусусан дар водии Ҳисор, вилоятҳои Хатлон ва Суғд) ҳам навъҳои пешпазак (зудпаз) ва ҳам дерпазак ва содиротӣ парвариш мешаванд. Меваҳояш калон (то 250-400 грамм), лӯнда ва дорои мағзи тираи қаҳваранг мебошанд.
Фоидаҳои асосии хурмо барои саломатӣ
Исбот шудааст, ки хурмо нисбат ба себ ду маротиба бештар микроэлементҳои муфид ва нахи парҳезӣ дорад. Аз ин рӯ, ин мева намегузорад организм пеш аз муҳлат пир шавад. Маҳз аз ин сабаб онро дар Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон «шоҳи меваҳо» меноманд.
Ибни Сино хурморо ҳамчун воситаи мустаҳкамкунии тамоми узвҳо, инчунин барои беморони лоғару заиф тавсия додааст. Дар таркиби хурмо миқдори зиёди йод мавҷуд аст. Инчунин дар он витаминҳои A, C ва P, микроэлементҳо, қанд, сафедаҳо, кислотаи лимӯ ва дигар моддаҳои биологии фаъол мавҷуданд.
Хурмо дорои миқдори зиёди витамини А ва бета-каротин аст (маҳз ҳамин модда ба он ранги норанҷӣ медиҳад). Калий ва магний бошад ин ду минерал фишори хунро танзим мекунанд ва кори мушакҳои дилро беҳтар месозанд. Ҳамчунин кам кардани холестерин нахҳои хӯроквории (клетчатка) таркиби хурмо барои хориҷ кардани холестерини бад аз бадан кӯмак мекунанд.
Мустаҳкам кардани иммунитет (системаи масуният)
Хурмо яке аз манбаъҳои асосии витамини С дар фасли тирамоҳ аст. Кори меъда ва рӯдаҳоро тезонида, барои тоза кардани рӯдаҳо аз токсинҳо кӯмак мекунад. Он дорои хосияти сабуки пешоброн ва исҳоловар аст, ки варамҳоро нест мекунад. Хурмои комилан пухташуда қабзиятро табобат мекунад, аммо хурмои хом (каҷ) метавонад акси онро ба вуҷуд орад.
Пешгирии камхунӣ (анемия)
Хурмо бо миқдори зиёди оҳан (железо) бой аст. Истеъмоли мунтазами он сатҳи гемоглобинро дар хун баланд бардошта, беҳоливу хастагии музминро аз байн мебарад.
Оромбахшии асаб
Ин мева дорои қандҳои табиӣ (фруктоза ва глюкоза) ва витаминҳои гурӯҳи В мебошад. Онҳо энергияи баданро зуд барқарор карда, стрессро кам мекунанд ва системаи асабро ором месозанд.
Маслиҳатҳои муфид барои истеъмоли дуруст
Дар шиками холӣ хурмои норанҷиро ҳеҷ гоҳ субҳ, пеш аз нонушта ё дар ҳолати гуруснагии истеъмол накунед, зеро кислотаҳои меъда бо танин омехта шуда, кори ҳозимаро вайрон мекунад. Хурмои норанҷиро танҳо пухтаашро интихоб кунед. Меваи хом ва даҳонгазкунанда дорои танини зиёд аст. Барои нест кардани талхии он, хурморо як шаб дар сармодон (морозильник) нигоҳ доред. Беҳтарин вақт — 1-2 соат баъд аз хӯроки ва дар байни хӯрокҳо истеъмоли он тавсия дода мешавад.
Бо шир омехта накунед
Ҳеҷ гоҳ хурморо бо шир, ҷурғот ё дигар маҳсулоти ширии моеъ якҷоя истеъмол накунед. Ин омехта метавонад боиси вайроншавии шадиди меъда, дарунравӣ ва варам (газ) шавад. Баъд аз хӯрдани хурмо фавран оби хунук нанӯшед.
Аз меъёр зиёд нахӯред
Шахси калонсоли солим бояд дар як рӯз 1-2 дона хурмо истеъмол намояд. Истеъмоли аз ин зиёд ба меъда ва ғадуди зери меъда (поджелудочная) бори зиёд меорад.
Ғизошиносон хурморо барои кам намудани вазн тавсия медиҳанд, аммо ба таъкиди онҳо, нигоҳдорӣ ва истеъмоли нодуруст метавонад зараровар бошад. Зеро хурмо бо вуҷуди ширин буданаш камкалория аст. Аммо бемороне, ки мубталои диабети қанд ҳастанд, бояд хурморо камтар истифода намоянд.
Таҳияи Ширинмоҳ ҚОСИМӢ, АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаҳои боз