Сарвазири Тоҷикистон бо муовини якуми Президенти Эрон мулоқот намуд

АМИТ "Ховар" ·

Сарвазири Тоҷикистон бо муовини якуми Президенти Эрон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эронро баррасӣ намуда, ба тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, нақлиёту логистика ва дигар соҳаҳо таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Иброз гардид, ки муносибатҳои ду кишвар бар пояи дӯстӣ, эътимоди мутақобил ва пайвандҳои таърихию фарҳангӣ рушд ёфта, барои густариши минбаъдаи ҳамкории судманд имконияти васеъ фароҳам мебошад. Зимни баррасии масъалаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ҷонибҳо зарурати андешидани тадбирҳои муштаракро барои афзоиши гардиши савдои дуҷониба то ба як миллиард доллар таъкид намуданд. Дар ин замина, фаъол намудани ҳамкории сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ, муайян кардани самтҳои афзалиятноки сармоягузории муштарак ва густариши робитаҳои соҳибкорӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо барои идомаи муколамаи созанда ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистону Эрон изҳори омодагӣ намуданд.

Источник: АМИТ "Ховар"