Дар Душанбе Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ (CAPIF-5) оғоз шуд
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 24 сентябр дар шаҳри Душанбе панҷумин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ (CAPIF-5) оғоз гардид. Форум дар меҳмонхонаи «Crowne Plaza Dushanbe» аз ҷониби
ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 24 сентябр дар шаҳри Душанбе панҷумин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ (CAPIF-5) оғоз гардид.
Форум дар меҳмонхонаи «Crowne Plaza Dushanbe» аз ҷониби Феҳристи минтақавии интернетии Аврупо, Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ (RIPE NCC) дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» ва бо дастгирии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, 25 сентябр низ идома хоҳад ёфт.
Дар кори форум намояндагони ҷомеаи интернетӣ, провайдерони хизматрасонии интернет, операторони шабака, нуқтаҳои мубодилаи трафики интернет, мақомоти давлатӣ ва сохторҳои танзимкунанда, инчунин коршиносони техникии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар минтақаҳо иштирок доранд.
Дар доираи CAPIF-5 давоми ду рӯз якчанд панелҳои муҳокимавӣ баргузор мешаванд. Дар онҳо масъалаҳои рушди инфрасохтори интернет, таҳкими пайвастшавии рақамӣ, мубодилаи трафик, баланд бардоштани самаранокии шабакаҳо ва густариши ҳамкории минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Баргузории CAPIF-5 дар Тоҷикистон барои муаррифии имконоти соҳаи алоқа ва инфрасохтори рақамии кишвар, табодули таҷриба ва таҳкими робитаҳои касбӣ байни мутахассисони соҳа заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон