Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябр дар шаҳри Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа, рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, ки 29 сентябр оғоз гардида буданд, ба анҷом расиданд. Дар ин хусус
ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябр дар шаҳри Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа, рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, ки 29 сентябр оғоз гардида буданд, ба анҷом расиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи ин ҳамоишҳо Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ оид ба рушд барои минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҷаласаи муштараки Шурои сарони маъмурияти алоқаи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ва Шурои ҳамоҳангсози кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд.
Зимни ҷаласаҳо иштирокчиён масъалаҳои рушди пайвастагии рақамӣ, густариши долонҳои байналмилалии алоқа ва татбиқи ташаббусҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд. Ҳамзамон дар ҷаласаи махсус масъалаҳои марбут ба давлатҳои маҳрум аз баҳр, аз ҷумла эҳтиёҷоти онҳо ба рушди пайвастагии рақамӣ ва дастрасӣ ба долонҳои байналмилалии алоқа баррасӣ шуданд.
Яке аз ҷаласаҳои форум ба рушди зерсохтори насли нави технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бахшида шуд. Дар он масъалаҳои татбиқи шабакаҳои 5G, идоракунии самараноки спектри радиобасомад, истифодаи алоқаи моҳвораӣ ва густариши ҳамкории техникии кишварҳои минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин масъалаҳои инноватсия, рушди захираҳои инсонӣ ва рақамикунонии инсонмеҳвар баррасӣ шуда, иштирокчиён таҷрибаи кишварҳоро дар самти рушди экосистемаи инноватсионӣ, баланд бардоштани саводнокии рақамӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи технологияҳои рақамӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар бахши муҳити сиёсӣ ва танзимгарӣ масъалаҳои такмили қонунгузорӣ, сиёсати давлатии рақамӣ, ҳифзи инфрасохтори муҳим, амнияти иттилоотӣ, ҳифзи кӯдакон дар фазои рақамӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба таҳдидҳои киберӣ муҳокима карда шуданд.
Дар доираи ҳамоишҳо ташаббуси таъсиси платформаи ҳамкории муассисаҳои илмӣ, лоиҳаи муштараки таъсиси лабораторияи минтақавии 5G ва Эъломияи муштарак оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти табдили рақамии идоракунии давлатӣ ва рушди давлати рақамӣ муаррифӣ шуданд.
Форуми минтақавии рушди Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ барои минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо муаррифии хулосаи расмии раиси ҳамоиш ва маросими пӯшидашавӣ анҷом ёфт. Баргузории чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе барои мубодилаи таҷриба, густариши ҳамкории минтақавӣ ва баррасии роҳҳои нави рушди зерсохтори рақамӣ ва технологияҳои муосири алоқа замина фароҳам овард.
Дар доираи ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо ҳайати Ҷумҳурии Қазоқистон ва Узбекистон вохӯрӣ намуд. Зимни вохӯриҳо масъалаҳои рушди телекоммуникатсия, густариши ҳамкории рақамӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак, рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи алоқа, технологияҳои рақамӣ ва самтҳои нави ҳамкорӣ баррасӣ шуданд.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон