Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд

АМИТ "Ховар" · · g1796236

ДУШАНБЕ, 19.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 18 сентябр дар вилояти Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон  Ситоди байналмилалии ҳамоҳангсозӣ оид ба баргузории амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» баргузор

ДУШАНБЕ, 19.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 18 сентябр дар вилояти Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон  Ситоди байналмилалии ҳамоҳангсозӣ оид ба баргузории амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» баргузор гардид, ки дар кори он намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон   хабар доданд, ба амалиёт намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои мубориза бо маводи нашъаовар, мақомоти сарҳадӣ ва гумрукии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҷалб гардиданд.

Дар ҷараёни фаъолияти ситод мубодилаи фаврии иттилоот ва ҳамоҳангсозии амалҳои муштарак доир шуда, масъалаҳои пешгирии роҳҳои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, муқовимат ба ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар дар фазои иттилоотӣ, инчунин истифодаи воситаҳои муосири техникӣ дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардиданд.

Дар натиҷаи амалиёт теъдоди зиёди ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ошкор гардида, фаъолияти озмоишгоҳҳои пинҳонии истеҳсоли маводи нашъаовар пешгирӣ ва миқдори зиёди воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира карда шуданд. Ҳамчунин сомонаҳои интернетие, ки барои паҳн намудани маълумоти мамнуъ оид ба маводи нашъаовар истифода мешуданд, масдуд гардиданд.

Дар ҷаласаи ҷамъбастии Ситоди байналмилалии ҳамоҳангсозӣ ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, намояндагони Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай,  созмонҳои соҳавии минтақавӣ ва Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ иштирок намуданд.

Иштирокдорон дурнамои таҳкими минбаъдаи ҳамкории амалӣ ва иттилоотию таҳлилиро дар самти мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ оид ба маводи нашъаовар баррасӣ карданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон

Источник: АМИТ "Ховар"