Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 27.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот анҷом дод.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон иттилоъ доданд, ҷонибҳо имкониятҳои густариши ҳамкории иқтисодию саноатӣ, бахусус дар соҳаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва истифодаи технологияҳои муосирро баррасӣ намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон