Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд

АМИТ "Ховар" ·

Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд

ДУШАНБЕ, 12.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон таҳти унвони «Аз гузашта ба оянда: 25

ДУШАНБЕ, 12.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон таҳти унвони «Аз гузашта ба оянда: 25 соли ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон» конфронси байналмилалии илмӣ доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.

Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки мероси таърихию фарҳангӣ муҳимтарин ҷузъи хотираи таърихии халқ, пайванди маънавии наслҳо ва худшиносии миллии он мебошад. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон борҳо масъулияти ҷомеаро дар назди таърих ва наслҳои оянда дар самти ҳифзи мероси таърихию фарҳангии миллат таъкид намудаанд.

Омӯзиш, тарғиб, ҳифз ва тармими ёдгориҳои таърихӣ аз вазифаҳои муҳимме мебошанд, ки иҷрои онҳо ба нигоҳдории хотираи таърихӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва пойдории пайванди маънавии наслҳо мусоидат мекунад.

«Таҳқиқи ҳамаҷонибаи ёдгориҳо, ҳифзи асолати онҳо ва анҷом додани корҳои тармим бо риояи талаботи илмӣ имкон медиҳад, ки мероси ниёгон барои наслҳои оянда нигоҳ дошта шавад. Давоми чоряк аср Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар ин кори наҷиб ҷойгоҳи муҳим дорад. Дар ин солҳо он на танҳо ба маҳалли нигоҳдории маҷмуаҳои нодири бостоншиносӣ, балки ба маркази муҳими илмию фарҳангӣ табдил ёфтааст, ки таҳқиқ, ҳифз, тармим ва оммавигардонии мероси таърихии ҷумҳурии моро ба ҳам мепайвандад»,-гуфт Қобилҷон Хушвахтзода.

Мушовири калони Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдулозода таъкид дошт, ки ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ ва муаррифии таъриху тамаддуни тоҷикон аҳаммияти муҳим дорад.

Осорхонаҳо дар баробари нигоҳдории ёдгориҳо ва бозёфтҳои таърихӣ дар баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷомеа ва таҳкими пайванди маънавии наслҳо нақши муҳим доранд. Дар ин замина, омӯзиши илмии осори бостонӣ, муаррифии натиҷаҳои таҳқиқот ва ҷалби ҷавонон ба шинохти мероси ниёгон аз самтҳои муҳими фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ ба шумор мераванд. Ҳамчунин густариши ҳамкории байналмилалӣ ва табодули таҷриба байни мутахассисон метавонад ба такмили усулҳои ҳифзу тармими бозёфтҳо ва муаррифии шоистаи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мусоидат намояд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"