Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 709,3 ҳазор тонна маҳсулоти меваҷот ҷамъоварӣ шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба миқдори 6,5 ҳазор тонна ё 0,9 фоиз коҳиш ёфтааст. Инчунин ҳаҷми истеҳсоли зардолу дар ин давра 115,1 ҳазор тонна кам гардид.

Олимони соҳаи кишоварзӣ иброз намуданд, ки омили асосии коҳиш ёфтани ҳосилнокӣ ин тағйирёбии иқлим ва номусоиди обу ҳаво мебошад. Паст шудани ҳарорати ҳаво дар моҳҳои март ва апрел ба давраи гулкунии дарахтони мевадиҳанда рост омад. Инчунин бориши боронҳои пайдарпай раванди гардолудкунии табииро аз ҷониби ҳашароти фоидаовар, аз ҷумла занбӯри асал маҳдуд намуданд.

Таъсири манфии иқлимӣ бештар дар ҳосилнокии боғҳои зардолу ва гелос ба назар мерасад. Ҳамзамон ҳарорати баланди фасли тобистон ва хокборишу чангу ғубор ба хушкшавии баргии дарахтон ва паст шудани сифатии мевагиҳо таъсир расонид.

Ин вазъият ба содироти мева низ таъсири манфӣ расонд. Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нуҳ моҳи соли равон содироти меваҷот (хушкмева ва ангур) 84 ҳазору 692 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба миқдори 19,9 фоиз кам мебошад. Аз ҷумла, содироти меваи хушк аз вилояти Суғд 20,5 фоиз ва содироти меваи тару тоза 37,1 фоиз коҳиш ёфтааст.

Зардолуи хушк яке аз маҳсулоти асосии содиротии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар бозори ҷаҳонӣ харидорони зиёд дорад. Айни замон дар ҷумҳурӣ 65,5 ҳазор гектар боғҳои зардолу мавҷуданд, ки 53 ҳазор гектари онҳо дар марҳалаи мевадиҳӣ қарор доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"