Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 фоиз иҷро гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо

ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 фоиз иҷро гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабар медиҳад.

Ҳимояи марзу буми Ватан, манфиатҳои давлат ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди ватандӯст ба ҳисоб меравад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ, интизом, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба Ватан буда, дар ташаккули ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ нақши муҳим дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» 1 октябр даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид, ки то 30 ноябр идома меёбад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Источник: АМИТ "Ховар"