Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 21.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 донишҷӯи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил тибқи барномаи табодули академӣ ба Донишгоҳи Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин равона гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.
Ин иқдом дар заминаи тавсеаи ҳамкории илмию таълимии Тоҷикистону Чин амалӣ шуда, ба таҳкими робитаҳои байнидонишгоҳӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадами таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои такмили донишу малакаҳои касбии донишҷӯён равона карда шудааст.
Татбиқи барномаи табодули академӣ ба донишҷӯёни академия имконият медиҳад, ки бо дастовардҳои илмӣ ва таҷрибаи таълимии муассисаи ҳамкор шинос шаванд, ҷаҳонбинии илмию маърифатии худро тавсеа бахшанд ва малакаҳои заруриро барои фаъолияти минбаъдаи касбӣ такмил диҳанд.
Бояд гуфт, ки дар натиҷаи татбиқи ҳамкории дуҷониба солҳои 2025–2026 дар маҷмуъ 29 донишҷӯи академия (10 нафар соли 2025 ва 19 нафар соли 2026) дар доираи барномаи табодули академӣ барои таҳсил ба Донишгоҳи Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин равон карда шуданд.
Ин нишондиҳанда аз натиҷабахшии фаъолияти академия дар самти рушди ҳамкории байналмилалӣ ва густариши имконияти таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ шаҳодат медиҳад.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон