Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 03.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар дар нишасти 22-юми амниятии Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue 2026», ки таҳти унвони «Амнияти Ховари Миёна: манфиатҳо, ҳамгироиҳо ва ҳамоҳангсозӣ», ки дар шаҳри Маномаи Подшоҳии Баҳрайн баргузор гардид, иштирок намуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни нишасти амниятии Муколамаи Манома доир ба таҳаввулоти сиёсию низомӣ дар минтақаи Халиҷ ва Ховари Миёна, роҳҳои ҳалли буҳронҳо дар якчанд кишвари ҷаҳон ва инчунин таъмини амнияту субот дар сатҳҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор баргузор шуд. Инчунин дар доираи иштирок дар саммит муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар бо муовини вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Баҳрайн Шайх Абдуллоҳ ибни Алӣ Оли Халифа мулоқот намуд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Баҳрайн ва шарикии ду мамлакат дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуданд. Инчунин ҷонибҳо доир ба қазияҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла таҳаввулоти вазъ дар Ховари Миёна табодули афкор намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"