Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имконоти ҷалби сармоягузории Қатар ба иқтисоди Тоҷикистон дар мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Директори генералии Ширкати сармоягузории
ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имконоти ҷалби сармоягузории Қатар ба иқтисоди Тоҷикистон дар мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Директори генералии Ширкати сармоягузории амволи ғайриманқули «Қатари Диёр» Шайх Ҳамад бин Талол Оли Сонӣ дар Давҳа баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи амволи ғайриманқул, рушди инфрасохтор ва сохтмони иншооти муосирро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо доир ба масъалаҳои пешбурди минбаъдаи он табодули назар намуданд.
Дар анҷом ҷонибҳо барои идомаи муколама, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва рушди ҳамкории мутақобили судманд изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон