ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар Норак дар рӯзи якум иҷро шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар рӯзи нахустин 100 фоиз иҷро гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз
ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар рӯзи нахустин 100 фоиз иҷро гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар доданд.
Иброз гардид, ки ҷавонони далеру шуҷои шаҳри Норак имрӯз идомадиҳандаи суннатҳои пурифтихори аҷдодӣ буда, барои ҳифзи истиқлолият, сулҳу субот ва оромии мардуми азизамон хизмат менамоянд.
Ҳимояи марзу буми Ватан, манфиатҳои давлат ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди ватандӯст ба ҳисоб меравад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ, интизом, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба Ватан буда, дар ташаккули ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ нақши муҳим дорад.
Аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва ҳисси муҳаббат ба Ватан ба хизмати ҳарбӣ рафта, вазифаи муқаддаси худро софдилона иҷро намоянд.
Яке аз лаҳзаҳои хотирмони ҳамоиш гусели наваскарон бо риояи суннатҳои неки мардуми тоҷик — дуои хайр, нону намак ва дуои модар буд. Падару модарон ва наздикони даъватшавандагон фарзандони худро бо дуои нек, орзуи хизмати содиқона, сарбаландӣ ва бозгашти сиҳату саломат ба назди аҳли оила гусел намуданд.
Ҷавонони шаҳри Норак, ки имрӯз ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мегарданд, бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ, нангу номуси ҷавонмардӣ ва садоқат ба Ватан-Модар ба адои хизмати ҳарбӣ раҳсипор шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак