Сафири Тоҷикистон бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия мулоқот намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Содиқ Имомӣ бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Ҷумҳурии Туркия Абдулқодир Уралоғу мулоқот намуд. Тавре ба АМИТ «Ховар»
ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Содиқ Имомӣ бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Ҷумҳурии Туркия Абдулқодир Уралоғу мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия хабар доданд, зимни мулоқот мусоҳибон вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро дар самти соҳаҳои стратегию муҳими нақлиёт, ҳамлу нақли байналмилалӣ ва логистика баррасӣ карда, муҳимияти таҳкими робитаҳои мустақим ва афзоиши муколама байни сохторҳои соҳавии ҳар ду мамлакатро таъкид намуданд.
Ҷонибҳо мувофиқа намуданд, ки ташкили чорабиниҳои муштараки соҳавӣ, фаъол гардонидани мубодилаи ҳайатҳои корӣ ва табодули пайвастаи иттилоот оид ба имконияту иқтидори логистикии ду кишварро идома диҳанд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия