Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия соли 2025 2 миллиарду 472,5 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2024 24,8 фоиз афзоиш
ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия соли 2025 2 миллиарду 472,5 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2024 24,8 фоиз афзоиш ёфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ин тамоюл соли 2026 низ идома ёфта, дар моҳҳои январ–август ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни ду давлат ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 16,4 фоиз зиёд мебошад.
Бояд гуфт, ки Федератсияи Русия ҳамасола дар сохтори ҷуғрофии савдои хориҷии Тоҷикистон дар рӯйхати шарикони асосии тиҷоратӣ дар ҷойи якум қарор дошта, ин нишондиҳанда тадриҷан тамоюли афзоиш дорад.
Ёдовар мешавем, ки 1 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин баргузор гардид. Дар он таваҷҷуҳи асосӣ ба иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарони давлатҳо ва дар ҳамин замина ба истифодаи пурраи имконияти мавҷуда барои таҳкими робитаҳои дуҷониба равона карда шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»