Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» оғоз гардида, то 22 октябр идома меёбад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ
ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар» /. 14 октябр даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» оғоз гардида, то 22 октябр идома меёбад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, даври ҷамъбастии озмун аз рӯйи номинатсияҳо дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов доир мегардад.
Дар даври сеюми озмун довталабон аз рӯйи номинатсияҳои оҳангсозӣ-бастакорӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн иштирок мекунанд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» соли ҳаштум аст, ки бо мақсади муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳёи санъати миллӣ ва тарғиби он, арҷгузорӣ ба санъату ҳунари аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии санъати мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомӣ баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки маросими ҷоизасупорӣ ва барномаи фарҳангӣ бо иштироки ғолибони озмун 23 октябри соли 2026 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир мегардад.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон