Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 30.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр дар шаҳри Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандуруст ӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳло Ашуриён иброз намуд, ки «самаранокии низоми тандурустӣ, пеш аз ҳама аз сифати кумаки аввалияи тиббию санитарӣ вобаста буда, ошкорсозии барвақти бемориҳо, арзёбии дурусти омилҳои хавф ва оғози саривақтии табобат барои пешгирии оризаҳо ва беҳтар намудани вазъи саломатии аҳолӣ мусоидат мекунанд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани дониш, такмили малакаҳои амалӣ ва рушди салоҳияти касбии табибони амалияи умумӣ аз вазифаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад».
Таъкид шуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили ихтисоси кормандони тиббӣ, таҷдиди барномаҳои таълимӣ, такмили протоколҳои клиникӣ ва рушди низоми таҳсилоти муттасили тиббӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Дар баробари ин, густариши ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ҷалби коршиносони ватаниву хориҷӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими рушди касбии кормандони соҳа арзёбӣ гардиданд.
Дар кори форум иштирокдорон доир ба ошкорсозии барвақти нишонаҳои ихтилолҳои доираи аутизм, арзёбии рушди кӯдак, ташхис ва пешбурди беморони гирифтори диабети навъи 2, норасоии масуният, сабабҳои зуд-зуд бемор шудани кӯдакон, зуҳуроти пӯстӣ ҳангоми бемориҳои сироятӣ ва масъалаҳои аллергология мубодилаи афкор намуданд.
Дар форум инчунин мутахассисон аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуда, таҷриба ва донишҳои касбии худро дар самти ташхису табобати бемориҳо ва ҳалли масъалаҳои амалии тиббӣ пешниҳод намуданд.
Форуми барои таҳкими робитаҳои касбӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва татбиқи усулҳои муосири ташхису табобат дар фаъолияти табиб заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон