ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2028 оид ба футбол дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи октябр
ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2028 оид ба футбол дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи октябр ду бозии дӯстона баргузор мекунад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, 3 ва 6 октябр дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Уммон рақобат мекунад. Ҳар ду вохӯрӣ дар шаҳри Масқат доир хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2028 байни дастаҳои мунтахаби то 23-сола аз 7 то 15 июни соли оянда баргузор мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон