ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 октябр, шанбе, 283-юмин рӯзи соли 2026 аст
АМИТ "Ховар" ·
10 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи футболи Аврупо (УЕФА) Мишел Платини мулоқот намуданд. *** 10 октябри соли 2013 бо иштироки
10 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи футболи Аврупо (УЕФА) Мишел Платини мулоқот намуданд.
***
10 октябри соли 2013 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Хоруғ бинои боҳашамати чорошёна ифтитоҳ гардид, ки дар он утоқҳои кории мақомоти вилоятии чор идораю муассисаи ҷумҳуриявӣ ҷойгир карда шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Минск Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Минск Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок намуданд.
***
10 октябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо гузоштани санги асос ба бунёди меҳмонхонаи бисёрошёна оғоз бахшиданд.
***
10 октябри соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳайати мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро таҳти сарварии ҳамоҳангсози гурӯҳ- раиси кумитаи Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия оид ба сохторҳои федералӣ, сиёсати минтақавӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва корҳои шимолӣ Олег Мелниченко, ки бо мақсади мушоҳидаи раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакати мо омада буд, ба ҳузур пазируфтанд.
***
10 октябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари корӣ ба Подшоҳии Белгия сафар намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 дар Қасри Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва нақши равобити байнипарлумонӣ баррасӣ карда шуд.
10 ОКТЯБР:
Рӯзи ҷаҳонии саломатии руҳӣ.
***
Рӯзи байналмилалии парандагони муҳоҷир.
***
Дар Тоҷикистон Рӯзи фалак
***
Дар Аврупо- Рӯзи мубориза бар зидди ҳукми қатл.
РӮЙДОДҲО :
Дар ин рӯзи соли 1960 аз таъсири тӯфони шадид дар якчанд шаҳри Ҳиндустон дар халиҷи Бенгал тақрибан 4 ҳазор нафар ҳалок шуданд.
***
10 октябри соли 1964 дар Токио Бозиҳои XVIII олимпӣ оғоз гардида, 24 октябр ба анҷом расиданд.
***
10 октябри соли 1995 чемпиони ҷаҳон оид ба шоҳмот Гарри Каспаров бори охир унвони чемпионии худро дар бозӣ бо шоҳмотбози ҳинд Виши Анандом ҳифз намуд.
***
10 октябри соли 1997 дар Билбаои Испания яке аз калонтарин намоишгоҳи рассомӣ бо дарозии 137 метр ва паҳноии 30 метр кушода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар Душанбе ҷаласаи IV Шурои байнидавлатии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба экология доир шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Душанбе маъракаи барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил оғоз ёфта, 24 октябр ба анҷом расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 маросими ҷамъбасти Чемпионати кушоди шаҳри Душанбе оид ба веломарафони оммавӣ байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе», ки ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд, дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт баргузор гардид.
***
10 октябри соли 2023 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ ба Федератсияи байналмилалии футбол барои соли 2034 гузаронидани чемпионати ҷаҳон дархост пешниҳод намудааст.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1933 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бори нахуст дар ҷаҳон хокаи ҷомашӯӣ ба фурӯш гузошта шуд.
***
Соли 2006 дар интернет шабакаи иҷтимоии «ВКонтакте» ба кор оғоз намуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Маҳмуд Воҳидов -соли 1939 — ҳунарпешаи барҷастаи театру кинои Тоҷикистон, коргардони театр, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1973), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ(1973).
***
Аскар Ҳаким-соли 1946 — Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон. Аз соли 1976 аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.