Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи моддаи 13-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар сарватҳои табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самарабахши онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Маҳз ин меъёри олии конститутсионӣ масъулияти мо – кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезиро чанд баробар зиёд мекунад. Ин матлабро муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Бобозода зимни ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия иброз намуд.
Хуршед Бобозода гуфт, ки Конститутсия на танҳо асосҳои сохтори сиёсиву ҳуқуқиро муайян намуд, балки барои рушди иқтисодиёти мамлакат заминаи боэътимод гузошт. Барои мо, кормандони соҳаи идораи замин ва геодезӣ ин ҳуҷҷат роҳнамои асосии фаъолияти ҳаррӯза мебошад. Танзими дурусти муносибатҳои замин, бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул, геодезия, топография ва харитасозӣ, инчунин назорати устувори истифодаи самараноку мақсадноки замин вазифаи бевоситаи мост, ки аз ин ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ сарчашма мегирад.
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ба дастовардҳои назарраси соҳавӣ ноил мегардад. Аз ҷумла, раванди рақамикунонии соҳа суръат гирифта, бақайдгирии замин ва молу мулк ба шакли электронӣ ба роҳ монда шудааст. Чунин тарзи корбарӣ хизматрасониро ба аҳолӣ шаффофтар, дастрастар ва осонтар мекунад.
«Назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, пешгирӣ аз қонунвайронкуниҳо дар соҳаи заминсозӣ ва ташкили харитаҳои дақиқи геодезии ҷумҳурӣ уҳдадориҳои асосии мо ҳастанд, ки мо онҳоро бо шараф иҷро мекунем. Ҳифзи ин замин, обод кардани он ва ба насли оянда ба мерос гузоштани заминҳои ҳосилхез ва обод – ин садоқат ба Конститутсия ва Ватан аст»,- таъкид шуд дар ҷамъомад.
АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон