Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисон дар соҳаи саноат тақвият медиҳанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани тахассуси кадрҳо, табодули таҷриба ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкории дуҷониба дар мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо ноиби президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) Танака Хиро дар Душанбе баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин ба имконияти густариши ҳамкорӣ дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат, такмили донишу малакаи касбии онҳо ва истифодаи таҷрибаи пешрафтаи Ҷопон дар рушди соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Дар анҷом ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории судманд ва таҳкими робитаҳои минбаъда дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон