Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин марказ хабар доданд.
Иштирочиёни ҳамоиш масъалаҳои назариявию амалии ташаккул ва рушди ниҳоди президентӣ, заминаҳои ҳуқуқию конститутсионии фаъолияти он ва ҷойгоҳи Президенти мамлакат дар низоми сиёсии кишварро мавриди таҳлили илмӣ қарор доданд.
Иброз гардид, ки ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон дар раванди таҳаввулоти низоми сиёсии кишвар ташаккул ёфта, қабули Конститутсия дар соли 1994 марҳилаи муҳимми таҳкими мақоми конститутсионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Маҳз дар заминаи меъёрҳои Конститутсия мақом, вазифаҳо ва салоҳияти Президент ҳамчун Сарвари давлат муайян ва танзим гардида, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти ин ниҳод дар низоми давлатдорӣ таҳким ёфтанд.
Интихоботи Президенти Тоҷикистон бо иштироки бевоситаи шаҳрвандон яке аз муҳимтарин механизмҳои ифодаи иродаи халқ ва таъмини қонунияти конститутсионии ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷиҳат ниҳоди президентӣ дар низоми сиёсии кишвар дорои мақоми махсус буда, дар таъмини фаъолияти муназзами мақомоти давлатӣ, ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишвар нақши муҳим дорад.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон