Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти Маркази барқу гармидиҳии  2-и шаҳри Душанбе /иқтидори истеҳсолияш 400 МВт неруи барқ ва 235 Гкал энергияи

ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти Маркази барқу гармидиҳии  2-и шаҳри Душанбе /иқтидори истеҳсолияш 400 МВт неруи барқ ва 235 Гкал энергияи гармӣ) шинос шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон ду турбинаи марказ фаъолият доранд.

Гуфта шуд, ки омодагии саривақтӣ ба зимистон ва фаъолияти боэътимоди таҷҳизоти марказ барои таъмини эҳтиёҷоти сокинон ва муассисаҳои пойтахт аҳамияти муҳим дорад. Бо фарорасии рӯзҳои сард талабот ба неруи барқ ва гармӣ меафзояд ва ин аз масъулон тақозо менамояд, ки масъалаҳои омодагии марказро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.

Дар робита ба ин ба роҳбарияти марказ барои таъмини фаъолияти устувор дар фасли зимистон ва таъмини шаҳри Душанбе бо неруи барқ ва гармӣ дастурҳои мушаххас дода шуд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"