Сафири Тоҷикистон бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 18.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон Икуина Акико баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон, инчунин масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи мутақобилро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуда, аҳаммияти идомаи ҳамкории зич байни Тоҷикистон ва Ҷопонро дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид таъкид карданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон