Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо мақсади тақвияти донишҳои назариявию амалии донишҷӯёни самтҳои география ва экология дар мавзуи «Ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим» машғулияти илмӣ баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба донишгоҳ хабар медиҳад, дар машғулият масъалаҳои тағйирёбии ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон, омилҳои табиӣ ва антропогении таъсиррасон ба раванди обшавии онҳо, аҳамияти пиряхҳо дар таъмини амнияти обӣ ва экологӣ, инчунин зарурати татбиқи усулҳои муосири мониторинг ва таҳқиқоти илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба нақши стратегии пиряхҳои Тоҷикистон дар ташаккули захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ, таъсири гармшавии глобалӣ ба низоми гидрологӣ ва оқибатҳои эҳтимолии коҳишёбии масоҳату ҳаҷми пиряхҳо барои соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ равона гардид.
Дар машғулият аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо, рушди ҳамкории илмии байналмилалӣ ва таҳкими таҳқиқоти криосфера ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки таъмини рушди устувор таъкид шуд.
Баргузории чунин машғулияти илмӣ-амалӣ барои густариши робитаҳои илмӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва пажуҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии донишҷӯён ва ҷалби ҷавонон ба таҳқиқоти илмӣ дар самти тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ аҳамияти муҳим дорад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон