Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 03.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2 ноябр дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Деваштич иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич хабар медиҳад.
Аз ҷумла, дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-и деҳаи Овчии Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич толори варзишӣ ба таври тантанавӣ ифтитоҳ гардид. Толори варзишӣ бо саҳми сокинони деҳа, шахсони саховатпеша ва бо ташаббуси соҳибкори ватандӯст Бобоҷон Каримов дар пайравӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст. Толори варзишӣ дар 200 метри мураббаъ бо назардошти шароити зарурӣ ва мутобиқ ба талаботи варзишиву солимгардонӣ сохта шуда, дар он барои тамошои мусобиқаҳои варзишӣ 150 ҷойи нишаст муҳайё гардидааст.
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60-и деҳаи Метки Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич низ толори варзишӣ ба истифода супорида шуд. Масоҳати умумии иншооти варзишӣ 450 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Хонандагон метавонанд дар ин толори замонавӣ ба намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла волейбол, баскетбол, шашка, шоҳмот, тенниси рӯйи миз ва дигар намудҳои варзиш машғул шаванд. Барои бунёди иншооти мазкур зиёда аз 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардидааст.
Ҳамзамон дар деҳаи Метки Ҷамоати деҳоти Ваҳдат муассисаи нави таҳсилоти томактабӣ мавриди истифода қарор гирифт. Муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои фарогирии 30 кӯдак пешбинӣ гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани он 15 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Иншооти мазкур бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардида, корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» анҷом дода шудаанд.
Сохтмони муассиса моҳи апрели соли 2026 оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ ба тариқи ҳашар ба анҷом расонида шуданд. Бино аз як ошёна ва 3 ҳуҷра иборат буда, барои гурӯҳи кӯдакон шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст. Барои бунёди кӯдакистони замонавӣ беш аз 160 ҳазор сомонӣ харҷ гардидааст.
Дар деҳаи Зароби Ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳия бунгоҳи нави саломатӣ ба истифода дода шуд. Барои сохтмони иншоот 387 ҳазору 100 сомонӣ маблағ сарф гардида, корҳои сохтмонӣ моҳи октябри соли 2021 оғоз ва пурра ба анҷом расонида шуданд.
Бинои нави бунгоҳи саломатӣ аз як ошёна ва 7 ҳуҷраи корӣ иборат буда, дорои ҳуҷраҳои алоҳида барои қабули беморон, эмгузаронӣ, доругузаронӣ, тибби оилавӣ, сабтгоҳ ва ҳамшираҳои тиббӣ мебошад.
Бунгоҳи саломатӣ барои расонидани хизмати тиббии муосир ба 360 оила ва 1875 сокини деҳаи Зароб пешбинӣ шудааст. Таъмини иншоот бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат мекунад.
Инчунин дар деҳаи Хуштоири Мухлони Ҷамоати деҳоти Яхтан тарабхонаи замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Тарабхона барои 150 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, дар он барои баргузории тӯю маърака ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар он 6 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Иншоот дар масоҳати умумии 0,32 гектар бунёд гардида, масоҳати бино 300 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Тарабхона тарҳу намуди зебо дошта, бо мизу курсиҳо ва дигар шароити зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани тарабхона имкон медиҳад, ки на танҳо сокинони деҳаи Хуштоири Мухлон, балки сокинони дигар деҳаҳои атроф низ аз хизматрасонии он истифода намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич