Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд

АМИТ "Ховар" ·

Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд

ДУШАНБЕ, 31.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 29 октябр дар пойтахти Миср даври нуҳуми Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» таҳти шиори «Об ҳамчун муҳаррики сулҳ, шукуфоии муштарак ва сайёраи устувор» баргузор гардид, ки дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Миср хабар доданд, дар чорабинӣ оид ба идоракунии манбаъҳои муштараки об мувофиқи қонунҳои байналмилалӣ, таъмини амнияти системаҳои кишоварзӣ ва озуқаворӣ, баланд бардоштани устувории иқлим ва мутобиқшавӣ ба тағирёбии он, истифодаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ, мудирият, сармоягузорӣ ва роҳҳалҳои техникӣ мубодилаи афкор гардид.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Миср

Источник: АМИТ "Ховар"