Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»

АМИТ "Ховар" ·

Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷ…

ДУШАНБЕ, 11.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Таърих гоҳе миллатҳоро дар назди имтиҳонҳое қарор медиҳад, ки натиҷаи онҳо на танҳо сарнавишти як насл, балки ояндаи чандин насли баъдиро муайян месозад. Дар чунин лаҳзаҳо иродаи сиёсӣ, хиради миллӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва интихоби роҳи дурусти таърихӣ аҳамияти тақдирсоз пайдо мекунанд. Барои миллати тоҷик яке аз чунин лаҳзаҳои сарнавиштсоз моҳи ноябри соли 1992 буд, ки дар шароити ниҳоят ҳассоси сиёсию иҷтимоӣ Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

— Ин иҷлосия дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ҳамчун рӯйдоди муҳимми сиёсӣ ва оғози марҳилаи нави эҳёи давлатдории миллӣ ҷойгоҳи махсусро ишғол менамояд.

16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Зарур аст, ки ба моҳияти аслии ин сана, заминаҳои таърихии он ва нақши Иҷлосияи XVI дар ташаккули давлатдории соҳибистиқлол назар афканем. Зеро дарки воқеии арзиши ин рӯз бе омӯзиши шароите, ки Тоҷикистон дар оғози солҳои навадуми асри гузашта бо он рӯ ба рӯ шуда буд, имконнопазир аст.

Истиқлоли давлатӣ ва мушкилоти нахустини давлатдории миллӣ

Соли 1991 барои мардуми тоҷик оғози давраи нави таърихӣ гардид. 9 сентябри ҳамон сол Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли давлатии худро эълон намуд ва имкони мустақилона муайян кардани роҳи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро ба даст овард. Аммо истиқлол дар шароите ба даст омад, ки ҷомеа бо мушкилоти зиёди сиёсӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ буд. Пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ, тағйир ёфтани низоми сиёсиву иқтисодӣ, заиф гардидани сохторҳои идоракунӣ ва шиддат гирифтани ихтилофҳои дохилӣ барои давлати ҷавони тоҷикон мушкилоти ҷиддӣ ба вуҷуд оварданд.

Мутаассифона, ихтилофҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ соли 1992 ба муқовиматҳои мусаллаҳона ва ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Тоҷикистон ба вартаи буҳрони амиқи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кашида шуд. Фаъолияти бисёр сохторҳои давлатӣ халалдор гардида, иқтисоди миллӣ рӯ ба таназзул овард, робитаҳои байни минтақаҳо осеб диданд ва шумораи зиёди шаҳрвандон маҷбур шуданд манзили зисти худро тарк намоянд. Ҷомеа ба сулҳу субот, ҳифзи истиқлол ва роҳбарияти қодир ба барқарор намудани сохти давлатдорӣ ниёз дошт.

Дар чунин вазъияти мураккаб масъалаи баргузор намудани иҷлосияи навбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти фавқулода пайдо кард. Ниҳоят, 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор оғоз намуд. Иҷлосия то 2 декабр идома ёфта, яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсии даврони соҳибистиқлолӣ гардид.

Қасри Арбоб — макони қабули қарорҳои тақдирсоз

Қасри Арбоб дар он рӯзҳо ба маркази қабули қарорҳое табдил ёфт, ки барои ояндаи Тоҷикистон аҳамияти бузург дошт. Вакилони мардумӣ дар шароите ҷамъ омада буданд, ки масъалаи асосӣ танҳо ташкили мақомоти нави роҳбарӣ набуда, балки ҳифзи истиқлоли давлатӣ, пешгирӣ аз парокандашавии мамлакат, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва фароҳам овардани заминаи сулҳу субот ба ҳисоб мерафт.

Иҷлосия 17 рӯзи тақвимӣ идома ёфта, дар ҷараёни он масъалаҳои муҳимми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар натиҷаи кори он 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид. Ин рақамҳо баёнгари ҳаҷм ва аҳамияти фаъолияти иҷлосия мебошанд. Зеро дар шароите, ки низоми давлатдорӣ бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ буд, қабули чунин миқдор санадҳо барои барқарор намудани пояҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии давлатдорӣ иқдоми муҳим ба шумор мерафт.

Дар ин иҷлосияи таърихӣ масъалаҳои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, барқарор намудани фаъолияти мақомоти идоракунӣ, таъмини амнияти кишвар, ҳифзи тамомияти арзӣ ва танзими муносибатҳои дохилӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин тасдиқи Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иқдомҳои муҳимми иҷлосия ба шумор меравад. Ин рамзҳои давлатӣ таҷассумгари соҳибихтиёрӣ, ҳувияти миллӣ, таъриху фарҳанг ва ягонагии мардуми Тоҷикистон мебошанд.

Интихоби роҳбарияти нав — оғози марҳилаи нави сиёсӣ

Яке аз масъалаҳои марказӣ ва тақдирсози иҷлосия интихоби роҳбари нави давлат буд. 19 ноябри соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо овоздиҳии пинҳонӣ Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Тибқи маълумоти таърихӣ, аз 197 вакили дар овоздиҳӣ иштирокдошта 186 нафар ба ҷонибдории номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд. Ин рақам тақрибан 94,4 фоизи иштирокчиёни овоздиҳиро ташкил медод.

Интихоби роҳбари нави давлат дар он шароити ҳассос масъулияти бузурги сиёсӣ ва таърихиро ба миён гузошт. Тоҷикистон ба шахсияте ниёз дошт, ки тавонад дар шароити нооромӣ фаъолияти мақомоти давлатиро барқарор намуда, барои қатъи ҷанг ва расидан ба ризоияти миллӣ замина фароҳам оварад. Аз ҳамин ҷиҳат ин интихобро метавон яке аз нуқтаҳои гардиш дар таърихи навини давлатдории тоҷикон арзёбӣ кард.

«Ман ба шумо сулҳ меорам!» — садои умед дар рӯзҳои сарнавиштсоз

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин суханрониҳояшон масъалаи таъмини сулҳу оромӣ, баргардонидани гурезаҳо ва барқарор намудани зиндагии осоиштаи мардумро дар маркази таваҷҷуҳ қарор доданд. Ибораи таърихии «Ман ба шумо сулҳ меорам!» — дар он рӯзҳои тақдирсоз ҳамчун садои умед ва эътимод ба фардои осоиштаи мамлакат буд.

Ин суханон танҳо изҳори сиёсӣ набуда, балки ифодаи масъулияти бузург дар назди миллату давлат ва тақдири миллионҳо шаҳрванд ба шумор мерафтанд. Зеро дар он рӯзҳо сулҳ барои мардуми Тоҷикистон на танҳо орзу, балки зарурати ҳаётӣ буд. Мардум интизори он буданд, ки садои тир хомӯш шуда, оилаҳои ҷудошуда ба ҳам мепайванданд ва зиндагии муқаррарӣ дубора барқарор мегардад.

Бояд гуфт, ки аҳамияти Иҷлосияи XVI, пеш аз ҳама, дар он зоҳир гардид, ки он ба ташаккули заминаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилии давлатдории соҳибистиқлол мусоидат намуд. Дар ҷараёни иҷлосия масъалаҳои барқарор намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ, таҳкими сохтори ҳокимият, таъмини амнияти мамлакат, ҳифзи тамомияти арзӣ ва танзими муносибатҳои дохилӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, вазъи гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ дар маркази таваҷҷуҳи иҷлосия қарор доштанд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» аз 24 ноябри соли 1992 барои муайян намудани мақоми ҳуқуқии гурезаҳо ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард. Ин санад дар шароите қабул гардид, ки ҳазорҳо оила аз манзили худ дур монда, бо мушкилоти таъминоти иҷтимоӣ, амният ва бозгашт ба ҷойи зист рӯ ба рӯ буданд.

Аз муқовимат то ризоияти миллӣ — роҳи таърихии расидан ба сулҳ

Бояд таъкид кард, ки Иҷлосияи XVI танҳо бо қабули санадҳои ҳуқуқӣ ё интихоби роҳбарияти нав маҳдуд намешуд. Аҳамияти аслияш он буд, ки масъалаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ба самти асосии сиёсати минбаъдаи давлат табдил ёбад. Албатта, расидан ба сулҳ кори осон набуд. Он музокироти тӯлонӣ, гузаштҳои сиёсӣ, иродаи тарафҳо ва талошҳои зиёди дохиливу байналмилалиро талаб мекард.

Раванди музокироти байни тоҷикон чанд сол идома ёфта, ниҳоят 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин санад марҳилаи муҳими хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози раванди оштии миллӣ гардид. Дар ин раванд нақши роҳбарияти давлат, намояндагони мухолифини тоҷик, миёнаравони байналмилалӣ, кишварҳои кафил ва тамоми қишрҳои сулҳхоҳи ҷомеа муҳим буд.

Аз ин рӯ, таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз низ аҳамияти байналмилалӣ дорад. Он нишон медиҳад, ки ҳатто ихтилофҳои амиқи сиёсиро метавон тавассути муколама, гуфтушунид ва эҳтироми манфиатҳои миллӣ ҳал намуд. Сулҳ натиҷаи як рӯйдоди алоҳида нест, балки дастоварди талошҳои пайгирона, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти муштараки ҷомеа мебошад.

16 ноябр — пайванди ду рӯйдоди муҳимми таърихӣ

Як нуктаи муҳимро бояд иброз дошт, ки санаи 16 ноябр дар таърихи давлатдории муосири Тоҷикистон боз як воқеаи муҳимро таҷассум мекунад. Агар 16 ноябри соли 1992 оғози Иҷлосияи XVI бошад, пас 16 ноябри соли 1994 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории интихоботи президентӣ ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуданд.

6 ноябри соли 1994 дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи президентӣ баргузор гардид. Савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри ҳамон сол марҳилаи нави ташаккули низоми президентии давлатдориро ифода намуд. Ҳамин тавр, ин сана бо ду рӯйдоди муҳимми таърихӣ пайванди мустақим пайдо кард.

Баъдан, бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид гардида, 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуд. Ин қарор ба санаи мазкур мақоми расмии идона бахшид ва аҳамияти таърихии онро дар тақвими давлатдорӣ боз ҳам равшантар намуд.

Рӯзи Президент — рамзи эҳтиром ба давлатдорӣ ва масъулияти миллӣ

Аҳамияти Рӯзи Президентро метавон аз чанд ҷиҳати муҳим арзёбӣ кард. Пеш аз ҳама, он эҳтиром ба ниҳоди конститутсионии президентӣ ва низоми давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифода мекунад. Дуюм, ин сана имконият медиҳад, ки роҳи тайкардаи мамлакат аз рӯзҳои аввали истиқлоли давлатӣ то марҳилаи имрӯзаи давлатсозӣ мавриди таҳлил қарор гирад. Сеюм, он барои тарбияи насли ҷавон дар руҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ ва масъулиятшиносӣ аҳамияти тарбиявӣ дорад.

Ин рӯз ҳамчунин фурсати муносибест барои бознигарии дастовардҳо, омӯзиши сабақҳои таърих ва муайян намудани вазифаҳои минбаъдаи ҷомеа. Зеро эҳтиром ба давлатдорӣ танҳо бо таҷлили санаҳои таърихӣ маҳдуд намешавад, балки дар иҷрои софдилонаи вазифаҳои шаҳрвандӣ, риояи қонун, меҳнати созанда ва саҳмгузорӣ дар пешрафти мамлакат таҷассум меёбад.

Ҳамзамон Рӯзи Президент бояд ҳамчун фурсат барои андеша дар бораи вазифаҳои имрӯзаи давлат ва ҷомеа истифода гардад. Зеро пойдории давлатдорӣ танҳо бо ҳифзи истиқлоли сиёсӣ маҳдуд намешавад. Рушди иқтисоди миллӣ, саноатикунонӣ, дастгирии соҳибкорӣ, пешрафти илму маориф, таъмини сифати маҳсулоту хизматрасонӣ, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум низ ҷузъҳои муҳимми таҳкими истиқлоли воқеӣ мебошанд.

« Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» — эътирофи хизматҳои таърихӣ

Хотирнишон бояд кард, ки 11 декабри соли 1999 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд. Баъдан, бо назардошти хизматҳои таърихӣ дар роҳи истиқрори сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва давлатдории соҳибистиқлол 25 декабри соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» қабул гардид. Соли 2016 мақоми ҳуқуқии ин унвон бо Қонуни конститутсионӣ муқаррар карда шуд.

Ин унвони таърихӣ дар низоми қонунгузории кишвар бо хизматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди давлатсозӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ пайванд дорад. Ҳамзамон он аҳамияти сулҳу ваҳдатро дар ҳаёти ҷомеа ва масъулияти наслҳои имрӯзу ояндаро барои ҳифзу таҳкими дастовардҳои истиқлол таъкид менамояд.

Истиқлол, сулҳ ва ваҳдати миллӣ — кафили ояндаи Тоҷикистон

Дар ниҳоят, метавон гуфт, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз ҳассостарин лаҳзаҳои таърихӣ баргузор гардида, дар муайян намудани самти минбаъдаи давлатдории миллӣ нақши муҳим гузошт. Он барои ташкили роҳбарияти нави сиёсӣ, барқарорсозии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ, таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва оғози марҳилаи нави раванди сулҳу ризоияти миллӣ шароит фароҳам овард.

Имрӯз, баъди гузашти беш аз се даҳсола, аҳамияти таърихии он иҷлосияро метавон бо назардошти натиҷаҳо ва таҷрибаи давлатдории соҳибистиқлол арзёбӣ намуд. Дарси асосии он барои наслҳои имрӯз ва фардо ин аст, ки истиқлол неъмати бузург, сулҳ сарвати бебаҳо ва ваҳдати миллӣ омили муҳимми пойдории давлат мебошад.

16 ноябр танҳо як санаи тақвимӣ нест. Ин рӯз моро ба ёдоварии таърих, эҳтиром ба давлатдорӣ ва масъулият дар назди ояндаи Ватан даъват менамояд. Иҷлосияи XVI ҳамчун иҷлосияи тақдирсоз дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик боқӣ мемонад, зеро дар шароити тақдирсози таърихӣ барои идомаи давлатдорӣ, ҳифзи истиқлол ва оғози марҳилаи нави ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии Тоҷикистон замина гузошт.

Бузургии миллат на танҳо дар таърихи пурифтихори он, балки дар қобилияти ҳифзи дастовардҳо, таҳкими ваҳдат ва бунёди ояндаи шоиста таҷассум меёбад.

Исломиддин РАҲМОН, Директори Агентии «Тоҷикстандарт»

АКС аз манбаъҳои боз

Источник: АМИТ "Ховар"