ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, чоршанбе, 322-юмин рӯзи соли 2026 аст
АМИТ "Ховар" ·
18 ноябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори 19 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуданд.
***
10 сол пеш, 18 ноябри соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сарбанд ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» ташриф оварда, баъди боздид ба оғози марҳилаи дуюми таҷдиду навсозии корхона санги асос гузоштанд.
***
18 ноябри соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар ибтидои суҳбат Амири Давлати Қатар бори дигар табрикоти самимӣ ва таманниёти неки хешро ба Пешвои миллат дар робита ба натиҷаҳои интихоботи президентии дар Тоҷикистон баргузоргардида ва аз нав интихоб шуданашон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.
***
18 ноябри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон Маркази ташхису табобатии «Луқмони Ҳаким», дар назди Корхонаи фаръии зардӯзию заргарӣ ва касбомӯзии «Зари Суғд» корхонаи истеҳсоли пойафзол, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Технологияи полимерӣ», корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Назар», корхонаи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фароғатбону» ва Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро мавриди истифода қарор доданд.
18 НОЯБР:
Дар Узбекистон – Рӯзи Парчами давлатӣ.
***
Дар Латвия – Рӯзи истиқлол.
РӮЙДОДҲО:
18 ноябри соли 1994 дар Тоҷикистон рӯзномаи хусусии «Дайҷест-пресс» таъсис дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2012 дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) бинои нави шифохонаи номдори «Баҳористон» ба истифода дода шуд.
***
18 ноябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанд дар доираи ҷаласаи 18-уми вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ва Конфронси ҳамбастагии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: «Дарвозаи глобалӣ» барои рушди устувор мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Жозеп Боррелл баргузор гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1883 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тарзи ягонаи ҳисоби соат амалӣ карда шуд (то ин вақт ҳар шаҳр соати худро танзим мекард).
***
Соли 1991 Парчами давлатии Ҷумҳурии Узбекистон қабул гардид.
***
Соли 1992 дар таърихи Канада калонтарин амалиёти муҳосираи ҳавопаймо гузаронида шуд, ки дар натиҷа беш аз 4 ҳазору 300 килограмм маводи сахттаъсири мухаддир (кокаин) мусодира гардид.