ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Шаҳри Бохтар нақшаи даъвати тирамоҳиро 100 фоиз иҷро намуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар рӯзи якум пурра иҷро гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти

ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар рӯзи якум пурра иҷро гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар иттилоъ доданд.

Дар рӯзи нахустин иҷро гардидани нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз хештаншиносӣ, масъулиятшиносӣ  ва муқаддас доштани хоки ин сарзамин аз ҷониби ҷавонони шаҳри Бохтар дарак медиҳад.

Бояд гуфт, ки хизмати ҳарбӣ барои ҷавонписарони аз 18 то 27-сола, ки муассисаҳои миёнаи умумӣ ва миёнаи касбиро хатм намудаанд, 24 моҳ муқаррар карда шудааст. Тибқи талаботи қонун, шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм менамоянд, танҳо баъди 12 моҳи хизмати ҳарбӣ ба онҳо рутбаи аввалини афсарӣ дода мешавад. Зеро онҳо дар кафедраҳои ҳарбӣ ихтисосҳои гуногунро ба таври назариявӣ азбар карда, ҳамчун мутахассис ба сафи артиш дохил мешаванд. Ҳамчунин дарсҳои назариявиро ба таври амалӣ тақвият бахшида, баъди як соли хизмат сазовори рутбаи аввалини афсарӣ, яъне лейтенанти хурд мегарданд.

Бо назардошти ин ва вазъи пешгӯинашавандаи ҷомеаи имрӯза ҳар шаҳрванди мамлакатро зарур аст, ки ба қадри дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан расад, зеро дар ҳама давру замон, махсусан дар шароити имрӯза таъмини амният, суботи сиёсӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ вазифаи муқаддас ва пуршараф аст.

Имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари беҳтар гардидани шароити маишии афсарону сарбозон ҳамзамон дар қисмҳои ҳарбии ҳама сохторҳои низомии мамлакат шароити хуби будубош ва адои хизмат фароҳам оварда шудааст. Аз ин лиҳоз ҳар ҷавони худогоҳу хештаншинос ва поквиҷдону боиродаро зарур аст, ки вазифаи аввалиндараҷаи хеш- хизмат ба Ватанро вазифаи шаҳрвандию инсонӣ дониста, ин рисолати бузурги ҷавонмардиро бо масъулияти баланд иҷро намояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳо таъкид менамоянд, ки  «мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтию осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем».

Имрӯз, ки миллати тоҷик давлати соҳибистиқлол дошта, Қувваҳои Мусаллаҳ ташкил намудааст, омӯзиши мероси ҳарбӣ – назариявии гузаштагон аҳамияти хосса пайдо намудааст. Вазифаи ҳар пажуҳишгари соҳаи илми ҳарбӣ аст, то ин таҷрибаи низомӣ ва сабақи таърихи артиши миллиро  дастраси омма ва онҳое гардонанд, ки ҳаёташонро ба ҳифзи Ватан бахшидаанд.

Дар шароити имрӯза вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ҷавонони ватандӯсту меҳанпарасти мамлакатро бетафовут гузошта наметавонад. Имрӯзҳо ҷавонони қавииродаи ҷумҳурӣ хуб дарк менамоянд, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи виҷдонӣ ва имонии онҳо маҳсуб мешавад. Пас месазад, ки ҳар ҷавони ба синни даъватӣ расида барои ҳифзу ҳимояи Ватан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамроҳ гардад.

Ёдовар мешавем, ки даъвати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок дар 1 сол ду маротиба: аз 1 апрел то 31 май ва аз 1 октябр то 30 ноябр дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавассути воситаҳои ахбори омма на дертар аз 1 моҳ пеш аз даъват эълон мегардад, анҷом дода мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар

Источник: АМИТ "Ховар"