СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
АМИТ "Ховар" ·
РӮДАКӢ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони деҳаи Зарнисор-1-и Ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ баъди солҳои тӯлонии интизорӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардиданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»
РӮДАКӢ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони деҳаи Зарнисор-1-и Ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ баъди солҳои тӯлонии интизорӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардиданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1 беш аз 70 сол ба мушкилии норасоии оби тозаи ошомиданӣ рӯ ба рӯ буданд. Ҳоло бо ташаббуси соҳибкорони деҳа ва ва иқдоми созандаи сокинон ин мушкилӣ пурра бартараф гардид.
Хати оби нӯшокӣ тақрибан як километрро фаро мегирад. Оби нӯшокӣ дар зарфи калон ҷамъоварӣ ва аз он бо қубурҳои алоҳида ба таври худҷорӣ ба ҳар хоҷагӣ тақсим карда мешавад.
Бояд гуфт, ки хати оби нӯшокӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон кашида шуда, ба ин восита мушкилоти сокинони Ҷамоати деҳоти Чоргултеппа бартараф гардид. Имрӯзҳо дар ҳудуди ҷамоат бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва саҳми сокинон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ, бунёди синфхонаҳои иловагӣ ва дигар корҳои ободонӣ идома доранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ