Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 26.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 — 22 октябр бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт бо масъулини Литсейи касбии техникӣ, шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш дар самти муқовимат ба коррупсия чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотӣ баргузор карда шуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни чорабиниҳо ба саҳми иштирокчиён оқибатҳои манфии амалҳои коррупсионӣ, роҳҳои пешгирии онҳо, аҳамияти ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ расонида шуд.

Таъкид гардид, ки мубориза бо коррупсия вазифаи муштараки тамоми қишрҳои ҷомеа буда, пешгирии ин зуҳуроти номатлуб аз риояи қатъии қонун ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии ҳар як шахс вобастагӣ дорад.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"