Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
АМИТ "Ховар" · · g524901

ДУШАНБЕ, 30.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва (МГЛУ) бахшида ба 85 — солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ конфронси илмию амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» дар Русия хабар медиҳад.
Дар чорабинии фарҳангӣ доираи васеи донишмандон, нависандагон, корпуси муқими дипломатии кишвари иқомат, аъзои Шурои ҷамъиятии назди Сафорат ва донишҷӯёни тоҷик иштирок намуданд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ишора ба хидматҳои мондагори шоир дар рушди адабиёту фарҳанги муосири Тоҷикистон, таъкид кард, ки устод Лоиқ Шералӣ рисолаташро дар сурудани шеъри асил ва эҳёи асолати шеъри миллӣ шинохта, дар иҷрои ин ҳадаф ба тавфиқи комил даст ёфта буд.
Роҳбари намояндагии дипломатӣ аз ибтикороти адабпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бузургдошти ному осори устод Лоиқ Шералӣ ёдовар шуда, маҳбубияти шеъри шоирро дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамзабон далели пояндагиву ҷовидонагии осори ин гӯяндаи замонҳо донист.
Ректори Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва Ирина Краева бо ифтихор дар бораи Маркази забони тоҷикӣ ва фарҳанг, ки дар Донишгоҳ аз соли 2013 фаъолият дорад, сухан гуфт. Муҳимияти омӯзиши забон ва фарҳанги давлатҳои дӯст ва бародарро, ки шарикии стратегӣ доранд, таъкид намуд.
Инчунин директори Академияи дипломатии Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналхалқии Москва (МГИМО)-и Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Шитков, мушовири Сафорати Эрон дар Русия, роҳбари Маркази фарҳангӣ Абдулрезо Решад, шоири шинохтаи рус, тарҷумон, адабиётшинос, муаррихи адабиёти рус, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт Михаил Синелников, шарқшинос, сиёсатшинос ва корманди пешбари Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия Виктор Немчинов, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забон ва фарҳанги халқҳои ИДМ, Донишгоҳи ҳарбии Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия Хуршед Сайдумаров, директори Маркази забон ва фарҳанги тоҷикии Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва Никита Кузин ва дигарон сухан гуфтанд.
Бояд гуфт, ки соли 2018 бо ташаббус ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат дар шаҳри Панҷакент кохи бузурги фарҳанг ифтитоҳ ва ба номи ин шоири соҳибназар гузошта шуд, ки баёнгари мақоми ин суханвари бузург дар таҳкими ваҳдат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар замони истиқлол ба ҳисоб меравад.
Имрӯзҳо ин кохи муҳташам бо номи «Кохи Лоиқ» маъруф буда, мардуми Панҷакенти бостонӣ дар ин макони маърифат бо наврасону ҷавонон мунтазам вохӯриҳо гузаронида, ғояҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва арзишҳои фарҳанги миллиро фаъолона тарғиб менамоянд.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки устод Лоиқ Шералӣ воқеан аз зумраи он суханваронест, ки бо ашъори баландмазмуни худ барои имрӯзиён паёми сулҳу сафо, далерию мардонагӣ, дӯст доштани Ватан, хештаншиносиву ваҳдати миллатро ситоиш намуда, мардумро ба фардои шукуфони миллат тарғиб менамуд.
Дар Конфронси иброз гардид, ки яке аз омилҳои ба шоири маҳбуб мубаддал гаштани устод Лоиқ Шералӣ дар ниҳоди хонанда бедор кардани эҳсоси гарми ватандӯстию хештаншиносӣ, таҳкими ғояҳои худогоҳӣ мебошад, ки ин дар замони гузашта аз шоир ҷасорати фавқулодаи фардӣ ва адабӣ тақозо мекард.
Нотиқони маҳфил таъкид намуданд, ки шеърҳои Лоиқ Шералӣ аз ҳаёти маънавии халқи тоҷик сарчашма гирифта, дар он натанҳо лаҳзаҳои талху душвори миллати тоҷик, балки шукӯҳу ҳишмати он, сарнавишти фарзандони номвар, барои намуна, силсилаи шеърҳои «Хоки Ватан» ва «Илҳом аз Шоҳнома» бозтоб ёфтааст.
Ҳамзамон дар чорабинии мазкур махсусан иброз гардид, ки Лоиқ Шералӣ дар васфи фарзандони бузурги миллати тоҷик, аз ҷумла Сардафтари адабиёти классики тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Ҳофизи Шерозӣ, Саъди Шерозӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода шеърҳои алоҳида бахшидааст.
Дар фарҷоми чорабинӣ донишҷӯёни кишвари иқомат, ки дар МГЛУ забони тоҷикӣ меомӯзанд, шеърҳои Лоиқ Шералиро ба забони тоҷикӣ қироат намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»