Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 31.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Кумитаи паралимпии Осиё Рашид Маҷид ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон хабар доданд, дар барқияи табрикии Рашид Маҷид ба унвонии Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон Маҳмуд Амонзода, аз ҷумла, чунин омадааст: «Аз номи Кумитаи паралимпии Осиё (APC) мехоҳам ба Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон, варзишгарон, мураббиён ва ҳайати намояндагии мамлакат ба муносибати дастовардҳои назаррас дар Бозиҳои паралимпии Осиё — Айти-Нагоя-2026 самимона табрикоти худро расонам.

Натиҷаҳои назарраси Тоҷикистон, аз ҷумла ба даст овардани як медали нуқра, гувоҳи садоқат, азму иродаи қавӣ ва маҳорати баланди варзишгарони шумо мебошанд. Дастовардҳои шумо дар муваффақияти ин бозиҳо саҳми арзанда гузошта, бори дигар нақши пешбарандаи Тоҷикистонро дар рушди варзиши паралимпӣ дар Осиё нишон доданд.

Мо аз талошҳои пайвастаи шумо дар самти рушди варзишгарон ва густариши ҳаракати паралимпӣ самимона истиқбол менамоем. Ҳунарнамоии варзишгарони шумо ба сокинони кишварҳои Осиё ва берун аз он илҳом бахшида, қудрати варзишро дар бартараф намудани монеаҳо ва таҳкими фарогирии иҷтимоӣ нишон дод.

Умедворем, ки шумо ва тамоми ҳайати намояндагии Тоҷикистон бо саломатӣ ба Ватан баргашта, аз ин сафар хотираҳои нек ва ифтихори бузург аз дастовардҳои бадастомада бо худ овардаед.

Бори дигар шуморо бо ин муваффақияти назаррас табрик мегӯем. Мо бесаброна интизори идомаи ҳамкории зичи худ дар самти таҳкими варзиши паралимпӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои варзишгарони дорои имконияти маҳдуд дар саросари Осиё мебошем».

Ёдовар мешавем, ки дар Бозиҳои V паралимпии Осиё, ки аз 18 то 24 октябр дар префектураи Айти ва шаҳри Нагояи давлатии Ҷопон баргузор гардиданд, Тоҷикистонро 10 варзишгар: 9 мард ва 1 зан — дар шаш намуди варзиш намояндагӣ карданд.

Дар он варзишгари шинохтаи тоҷик Шоҳрух Назаров дар намуди параҷудо, дар вазни то 81 килограмм ва синфи J1, маҳорати баланд нишон дода, ҳарифонашро мағлуб намуда, дар ниҳоят сазовори медали нуқра гардид.

Медали нуқраи Шоҳрух Назаров барои ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дастоварди таърихӣ ба ҳисоб рафта, нахустин медали кишвар дар таърихи иштироки он дар Бозиҳои тобистонаи параосиёӣ мебошад.

Источник: АМИТ "Ховар"