РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба оғози мавсими даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Рӯзи даъватшаванда доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар». Дар ҳамоиш
ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба оғози мавсими даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Рӯзи даъватшаванда доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи асосии шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Вазъияти мураккаби ҷаҳони имрӯз аз ҳар фарди бедордил ва ҷавонони бонангу номус тақозо менамояд, ки дар самти ҳимояи истиқлоли давлатӣ ва марзу бум аз ҳарвақта дида, масъулияти бештар эҳсос намоянд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо таъкид намуданд, «вақте ки мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама, муҳофизати Ватан ва тамомияти арзии ҷумҳуриро дар назар дорем. Имрӯз вазифаи ҳар шаҳрванди некхоҳ ва ҳар тоҷики ватандӯст- аз хурд то бузург афзудан ба дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».
Таъкид шуд, ки Ҳукумати мамлакат барои боз ҳам рушд додан ва фароҳам намудани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои мақсаднок меандешад. Бо назардошти таъмини шароити мусоид дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат сол то сол сафи ихтиёриёни ҷавон ба хизмати ҳарбӣ меафзояд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии имсола шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мегарданд. Даъвати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок дар 1 сол ду маротиба: аз 1 апрел то 31 май ва аз 1 октябр то 30 ноябр анҷом дода мешавад.
Зимни ҳамоиш ба даъватшудагоне, ки аз даврҳои омӯзишии кӯтоҳмуддати ронандагӣ гузаштаанд, ҳуҷҷати ронандагӣ тақдим гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»