Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд

АМИТ "Ховар" ·

Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи…

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр дар шаҳри Женева дар доираи кори Форуми сулҳи Женева мубоҳисаи панелии сатҳи баланд таҳти унвони «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр дар шаҳри Женева дар доираи кори Форуми сулҳи Женева мубоҳисаи панелии сатҳи баланд таҳти унвони «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид ва Geneva Peacebuilding Platform ташкил шуда, ба баррасии аҳаммияти Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд дар таҳкими сулҳ, эътимоди мутақобил ва густариши ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ бахшида шуд.

Дар мубоҳиса намояндагони доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева, Муовини Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Аҳмад Саидмуродзода, Намояндаи Донишгоҳи сулҳи СММ дар Женева Девид Фернандес Пуяна ва Мудири иҷроияи Geneva Peacebuilding Platform ва Форуми сулҳи Женева хонум Аннисса Беллал иштирок намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Тоҷикистон  Шараф Шерализода аҳаммияти Эъломияи дӯстии абадии Хуҷандро, ки 31 марти соли 2025 аз ҷониби Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон ба имзо расид, ҳамчун марҳалаи муҳим дар таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, эътимоди мутақобил ва ҳамкории минтақавӣ таъкид намуд. Дар ин росто, нақши муколамаи сиёсӣ, дипломатияи пешгирикунанда ва талошҳои муштарак дар пешгирии низоъҳо, ҳалли масъалаҳои фаромарзӣ ва таъмини рушди устувор муҳим хонда шуд. Ҳамзамон саҳми хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд бо шарофати сиёсати созандаву дурбинона, ки бинобар ин 25 майи соли равон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ сарфароз гардонида шуданд, баланд арзёбӣ гардид.

Чорабинӣ ҳамчунин имконият фароҳам овард, ки таҷрибаи кишварҳои минтақа дар самти таҳкими сулҳ ва ҳамсоягии нек ба тариқи иродаи қавии сиёсӣ ва ҷасорати қабули қарорҳои муҳим ба нафъи мардумони минтақа, таҳаммулпазирӣ ва хиради азалӣ ҳамчун сабақи судманд барои дигар минтақаҳои ҷаҳон, ки бо мушкилоти геополитикӣ ва масъалаҳои фаромарзӣ рӯ ба рӯ мебошанд, мавриди омӯзиш қарор гирад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Источник: АМИТ "Ховар"